ҶАШНИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 24 ноябр (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябрро рӯзи Парчами миллӣ эълон кард. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Дар ин робита қарор аст, дар саросари кишвар маъракаҳои идона баргузор шавад. Имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва биноҳои дафтару корхонаҳо пур аз парчамҳои миллист. Бояд гуфт, ки ҳар сол рӯзи парчам 24-уми ноябр таҷлил хоҳад шуд. Вобаста ба ин қариб дар тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ конфронсу семинарҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, имрӯз дар бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки доктори илми филология, профессор, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Восеъ, роҳбарияту кормандони бонк ва расонаҳои хабарии кишвар, баргузор гардид. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Муовини Раиси Раёсати бонк Абдуқаҳҳор Қодиров кушода, оиди аҳамияти ҷашнгирии Рӯзи Парчами Миллӣ ва нақши он дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии мардум сухан кард. Сипас олими шинохта Қ. Восеъ аз таърихи парчамдорӣ, давлатсозӣ ва таҳияву мӯҳтавои парчами имрӯзаи тоҷикон суханронӣ намуд. Ҷамъомад дар шакли сӯҳбати пурмуҳтаво ва ҷолиб, маҳфили пурсишу посухи ибратбахш сурат гирифта, барои иштирокчиён хеле муассир ва хотирмон буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






