ҶАВОНОН ПРЕЗИДЕНТРО ТАБРИК КАРДАНД

Ноябрь 24, 2009 15:05

                  Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Имрӯз, 24 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нафар донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дарозиаш 90 метр ва бараш 4,5 метрро ташкил медод, пешвоз гирифтанд. Ин чорабинӣ ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр қайд гирифта мешавад, бахшида шуда буд.                  Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун «Оид ба рӯзҳои ид» ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он ҳамасола 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.

Ноябрь 24, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд