ҶОИЗАҲО БА ОВОЗХОНОНИ ТОҶИК
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Чанд нафар овозхонони ҷавони тоҷик ба ҷоизаҳои Фонди «Big Apple music Awards» сазовор гардиданд. Аз ҷумла, овозхони ҷавон Ҷонибек Муродов барои иҷрои суруди «Тумани заррин» ба забони русӣ ба ҷоизаи фонди мазкур сазовор дониста шуд. Менеҷери овозхон Аслишо Юсуфзода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷоиза ба овозхон имкон медиҳад, сурудҳояшро дар студияҳои хориҷӣ сабт намояд. Инчунин овозхони эстрадӣ Шабнами Сурайё ва овозхони ҷавон Баҳром Ғафурӣ низ дар бахши «Овозхонони ҷавон» беҳтарин дониста шуданд. Фонди мазкур иттиҳоди байналмилалии мусиқӣ буда, овозхонон ва коргардонони варзидаро муттаҳид менамояд. Фонд соли 2007 бо мақсади мубодилаи асарҳои беҳтарини мусиқӣ дар байни мамлакатҳои Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






