20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БА ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 24, 2009 15:03

                  Душанбе, 24 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмедова) — Сафари серӯзаи директори соҳавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба идораи иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лука Барбоне ба Тоҷикистон ба поён расид. Тавре аз намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми сафари худ Лука Барбоне бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва созмонҳои сармоягузор вохӯриҳо баргузор кард.                   Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо масоилеро, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон монеа мегузоранд, баррасӣ ва таҳлил карданд. Ҳамчунин барномаи нави рушд, ки дар доираи он ҷудо кардани 20 миллион доллари ИМА барои дастгирии буҷаи мамлакат дар баҳори соли 2010 дар назар дошта шудааст, муҳокима гардид. Дигар барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2010-2013 низ аз тарафи ҷонибҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуд.                    Лука Барбоне ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сафар карда бо деҳқонони бо хоҷагиҳои пахтакор ва ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои коркарди пахта аз наздик шинос шуд.

Ноябрь 24, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд