22 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Ноябрь 12, 2009 15:02

                  Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Додгоҳи ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон Искандар валади Шозиёро бо моддаи 335 қисми 1 ва моддаи 289 қисми 2 ва моддаи 200 қисми 4 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, ба мӯҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум намуда аст.                   Гуфта мешавад, ки Искандар валади Шозиё шаби 17 – уми июли соли 2008 – ум дар мавзеи Ниводаки Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда аз тариқи қочоқ калони маводи нашъаовари ҳашишро ба миқдори 18 килограмму 400 грамм дохил намуда, ҳангоми дохил шудан ба хоки Тоҷикистон аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дастгир шудааст.                  Гуфта мешавад, ки ин сеюмин боздошти шаҳрвандони Ҷумҳурии Афғонистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли сипаригашта мебошад.

Ноябрь 12, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд