38 – УМ НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ

Ноябрь 12, 2009 14:52

                Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар муҳити Бадахшон бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ хеле мувофиқ аст, Зеро дар ин диёр деҳаҳои кӯчак ва аз ҳамдигар хеле дур мустақаранд. Аз ин лиҳоз ҳоло дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барномае рӯи кор омадааст, ки тариқи маблағгузории ҳукумати ҷумҳуриву созмонҳои ҷаҳонӣ дар ҳар як деҳа нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд карда мешаванд.                 Ҳоло дар вилоят 37 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд. Ҳафтаи ҷорӣ бо маблағи Бунёди Оғохон пойдевори нерӯгоҳи хурди барқии 38 – ум дар қарияи Чадуди ноҳияи Рӯшон гузошта шуд. То соли 2020 бошад боз 8 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ танҳо бо маблағи Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Тибқи барномаҳои созмонҳои ҷаҳонӣ низ бунёди 7 — 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар назар аст.                Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, соли 2010 бунёди 3 нерӯгоҳи хурди барқӣ: Язгулом-1, Язгулом-2, Оқсуи ноҳияи Мурғоб оғоз меёбад.

Ноябрь 12, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд