435 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗҲО БАХШИДА МЕШАВАНД

Ноябрь 18, 2009 10:44

                 Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) — Дирӯз, 17 ноябр дар толори бинои маъмурии ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мулоқоти кории мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Неъматҷон, муовини аввали вазири кишоварзӣ Амиров Раҳмоналӣ, муовини раиси Бонки миллӣ Юсупов Ҷамшед, директори Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор Шералиев Муҳриддин, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Лук Барбуне ва дигар шахсони мутасаддӣ бо хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Бохтару Вахш ва ширкати сармоягузории ҶСК «Тамер — ИНБ» баргузор гардид.                  Дар рафти мулоқот оид ба мушкилоти мавҷудаи деҳқонони пахтакор, пардохти қарзи сармоягузорон, роҳҳои рушди устувори соҳаи пахтакорӣ мубоҳиса сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки айни ҳол хоҷагиҳои пахтакор ба маблағи 702 миллион доллари ИМА қарздоранд. Аз ин маблағ 435 миллион доллари ИМА пурра ва 113 миллион доллар ба ивази қоғазҳои қиматнок, бахшида мешаванд. Аз сабаби он ки 154 миллион доллари боқимондаро сармоягузорон ғайримақсаднок истифода бурда ба деҳқонон надодаанд, ин маблағ бо роҳи додани қарзи асосӣ аз соли 2013 бо 8 фоизи солона ва пардохти фоизи он аз моҳи январи соли 2010 дар интиҳои ҳар семоҳа баргардонида мешаванд.                Умуман, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини ислоҳот гурӯҳи корӣ тасъсис шуд, ки фаъолияти он барои омӯзиш, санҷидан ва баҳогузорӣ кардан ба қарзҳои мавҷудаи хоҷагиҳои пахтакор равона гардидааст. Тавре мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Н.Х. изҳор кард, «Бо бахшидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мушкилоти имрӯзаи деҳқонон тамом намешаванд, балки барои рушди соҳа дигар роҳҳои ҳавасмандгардонӣ низ лозим аст».                 Дар хотимаи машварат дар маросими тантанавӣ ба 100 хоҷагии пахтакори ноҳияҳои Вахшу Бохтар Тасдиқнома оид ба озод шудани онҳо аз пардохти қарзҳои то соли 2008 буда, супорида шуд. Худи ҳамон рӯз чунин Тасдиқномаҳо оид ба озод шудан аз пардохти қарз ба 94 хоҷагии пахтакори ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ супорида шуд. «Раванди бахшидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор бесобиқа мебошад, — гуфт директори Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор Шералиев Муҳриддин, — шояд дар ибтидои ин амал норасоӣ ва камбудӣ ба назар расанд, бинобар ҳамин хоҷагиҳои пахтакоре, ки аз сармоягузорон қарздор ҳастанд ва мушкили пардохт доранд, метавонанд ба роҳбарони ноҳия ва Маркази мазкур муроҷиат кунанд». 

Ноябрь 18, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид