8 ОБЪЕКТИ НАВИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО

Ноябрь 10, 2009 14:37

                  Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8 объекти таърихии Тоҷикистон дар ҷаласаи минтақавии Созмони ҷаҳонии меъроси фарҳангӣ (ЮНЕСКО), дар мавзўи «Силсилаобъектҳои бузурги Роҳи абрешим», ба рўйхати пешакии ЮНЕСКО қабул гарлиданд.                    Дар ин рўйхат ёдгории Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, Маъбади будои Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, шаҳраки Ҳулбук, Хоҷа Машҳад ва Қалъаи Ҳисор ҷой гирифтаанд.                    Ҷаласаи мазкур аз 1 то 7 –уми ноябр дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд. Дар кори ҷаласа аз 14 давлати минтақавии Созмон ва 5 давлати номзад иштирок доштанд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон сармутахассиси шўъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев ва директории осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Саймурод Бобомуллоев ширкат варзиданд.                     Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Ноябрь 10, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд