А. ШЕЪРДӮСТ: «ТАДБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОДАРОНА, НА …»
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст 17 ноябр зимни як нишасти матбуотӣ маводи нашрияи мустақили «Нигоҳ» — «Нақби «Истиқлол» ё ғори эрониҳо»-ро ғаразнок арзёбӣ карда, гуфт, ки ҳама лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби давлати Эрон татбиқ мешаванд бародарона буда, ҳадафи аз онҳо фоида ба даст оварданро надоранд. Гуфтанист, ки дар ин мавод то ҳанӯз мавҷуд будани об, набудани рӯшноӣ ва таҷҳизоти тозакунандаи ҳаво дар нақби «Истиқлол» ба риштаи таҳрир кашида шуда, он бо нақби бунёднамудаи Чин – нақби «Шар-Шар» муқоиса шудааст. Алиасғари Шеърдӯст тазаккур дод, ки дар ҳоле ки маблағи лоиҳаи нақби «Истиқлол» баробари лоиҳаи нақби «Шар-Шар» асту, дарозии нақби «Истиқлол» зиёда аз 5 километр ва дарозии нақби «Шар-Шар» 2 километру 223 метр аст, чи гуна метавон ин нақбҳоро бо ҳам муқоиса кард. Сафир афзуд, ки маблағи қарордодии 39 миллион доллараи лоиҳаи нақби «Истиқлол» пурра масраф шуда, ширкати «Собир интернейшнал» аз ҳисоби маблағҳои худ корҳои бетонрезӣ ва бастани ҷараёни об дар дохили ин нақбро анҷом медиҳад. Бо вуҷуди он, ки ширкати «Собир интернейшнал» дар ҷараёни бунёди нақби «Истиқлол» 10 миллион доллари ИМА зарар дидааст. Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки ширкати «Собир интернейшнал» ваъда додааст, ки то охири моҳи декабри соли ҷорӣ резиши обро дар нақб қатъ карда, танзими обро дар он таъмин менамояд. «Мавриди зикр аст, ки барои насби системаи тозакунии ҳаво, барқрасонӣ, рӯшноӣ ва зиддисӯхтории нақби «Истиқлол» 5 миллион доллари изофӣ зарур аст, ки дар назар аст ин масъала дар ҷараёни сафари Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, ки то охири соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, ҳаллу фасл гардад», — гуфт дар хотима сафири Эрон дар Тоҷикистон А. Шеърдӯст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки нақби «Истиқлол» аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернейшнал» моҳи июли соли 2006 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аммо то ҳол ба иллати ҷорӣ шудани об дар дохили нақб корҳои сохтмонӣ ва тармим дар ин лоиҳа идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






