АБДУЛЛО АЗ ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ДАСТ КАШИД
Кобул, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Интихоботи такрории президенти Афғонистон 7 – уми ноябр баргузор хоҳад шуд, — изҳор кард дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Тулӯъ» раиси комиссияи мустақили интихобот Нур Муҳаммад Нур. Ёдовар мешавем, ки яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми Президенти Афғонистон Абдулло Абдулло дирӯз изҳорот пахш кард, ки дар даври дуюми интихоботи президентӣ иштирок намекунад. Дар баробари ин Абдулло Абдулло аз ҷонибдорони худ барои эътироф накардани интихобот даъват ба амал наовард. Қаблан доктор Абдулло Абдулло ба ҳукумати Афғонистон ва намояндагии СММ барои баргузории такрории интихоботи президентӣ талабот пеш гузошта буд. Пас аз розӣ шудани Ҳомид Карзай ба интихоботи такрорӣ Абдулло Абдулло талаб пеш гузошт, ки раиси Комиссияи мустақили интихобот ва се вазири ҳукумат дар давраи дуюми интихобот муваққатан аз вазифа барканор карда шаванд. Аммо, Ҳомид Карзай талаби навбатии Абдулло Абдуллоро иҷро накард. Абдулло изҳор кард, ки «Вақте ки шартҳои пешгузоштаи мо, ки барои шаффоф гузаштани интихобот равона шуда буд, иҷро нагардиданд, пас кафолати шаффоф гузаштани интихоботи даври дуюм вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин ман аз иштирок дар даври дуюм даст мекашам». Мувофиқи суханони мутасаддии масъули комиссияи мустақили интихобот Довуд Алӣ Наҷафӣ Сарқонуни мамлакат гузаронидани интихоботро дар ин маврид иҷозат медиҳад. Ба ақидаи баъзе коршиносон, иштирок накардани Абдулло Абдулло дар даври дуюми интихоботи президентӣ метавонад сабабгори шиддат гирифтани вазъият дар мамлакат гардад.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






