АНҶУМАНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК БО ЧӢ АНҶОМ ЁФТ?

Ноябрь 19, 2009 16:49

                     Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) — Рӯзи 17 ноябри соли 2009 дар шаҳри Москави ФР Анҷумани ғайринавбатии Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», ки роҳбарии онро Каромат Шарифов ба ӯҳда дорад, баргузор гардид. Тавре, ки роҳбарони ин Ҳаракат қаблан изҳор мекарданд, Анҷуман ҷиҳати муттаҳид сохтани ҷонибдоронаш мусоидат мекард. Аммо ғайри интизор Анҷуман бо хархаша ва ихтилофи роҳбарияти ҳаракат оғоз шуд. Қабл аз саршавии кори Анҷуман яке аз роҳбарони Ҳаракат Ҳоким Муҳаббатов бо изҳорот баромад намуда, Анҷуманро намоишкорона тарк гуфт. Ӯ аз қонуншиканиҳои К. Шарифов ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин Анҷуман ғайриқонунӣ мебошад ва иштирокчиёни онро даъват кард, то ба ӯ пайравӣ намоянд. Ин даъвати ӯ аз ҷониби баъзе иштирокдорон, аз ҷумла раиси Комиссияи назоратию санҷишии Ҳаракат Махсумов Азим дастгирӣ ёфт. Номбурда низ тарки ҷаласа намуд. Гуфтаҳои боло далели он аст, ки Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», аз он обрӯю иттиҳоде, ки изҳор медоранд, бархӯрдор нестанд.

Ноябрь 19, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд