АСАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 595-СОЛАГИИ ҶОМӢ

Ноябрь 16, 2009 10:27

                 Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Ирфон» китоби илмии устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳроб Ҷумъаевро, ки бахшида ба 595-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таълиф шудааст, зери унвони «Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳотулунс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» аз чоп баровард.                     Монографияи мазкур ба тадқиқи хусусиятҳои лексикию семантикии яке аз асарҳои насрии адиби машҳури тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ — «Нафаҳотулунс» бахшида мешавад. Ин асар дар бораи ҳаёту рӯзгори 616 нафар бузургони аҳли тасаввуф, ки дар асрҳои II-IX-и ҳиҷрӣ (асрҳои VIII-XV-и мелодӣ), яъне аз давраи пайдоиши ин ҷараён то замони зиндагии нависанда умр ба сар бурдаанду 582 нафарашон мард ва 34 нафарашон зан мебошанд, маълумот медиҳад.                    Дар монография таркиби луғавӣ, маъно ва мавқеи истеъмоли калимаҳо ва баъзе ҳодисаҳои семантикии асари ба ҳаёти сӯфиёну орифон бахшидаи Ҷомӣ баррасӣ мегардад. Муаллифи ин китоб дар асоси таҳқиқу омӯзиши сарчашмаҳои илмию адабӣ маънои вожаҳои ҷудогонаро шарҳ дода, ҳамчунин роҳу воситаи ташаккулу таҳаввули лексикаи ирфонии асар ва нақши онро дар инкишофи забони адабӣ нишон медиҳад.    

Ноябрь 16, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд