АСАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 595-СОЛАГИИ ҶОМӢ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Ирфон» китоби илмии устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳроб Ҷумъаевро, ки бахшида ба 595-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таълиф шудааст, зери унвони «Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳотулунс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» аз чоп баровард. Монографияи мазкур ба тадқиқи хусусиятҳои лексикию семантикии яке аз асарҳои насрии адиби машҳури тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ — «Нафаҳотулунс» бахшида мешавад. Ин асар дар бораи ҳаёту рӯзгори 616 нафар бузургони аҳли тасаввуф, ки дар асрҳои II-IX-и ҳиҷрӣ (асрҳои VIII-XV-и мелодӣ), яъне аз давраи пайдоиши ин ҷараён то замони зиндагии нависанда умр ба сар бурдаанду 582 нафарашон мард ва 34 нафарашон зан мебошанд, маълумот медиҳад. Дар монография таркиби луғавӣ, маъно ва мавқеи истеъмоли калимаҳо ва баъзе ҳодисаҳои семантикии асари ба ҳаёти сӯфиёну орифон бахшидаи Ҷомӣ баррасӣ мегардад. Муаллифи ин китоб дар асоси таҳқиқу омӯзиши сарчашмаҳои илмию адабӣ маънои вожаҳои ҷудогонаро шарҳ дода, ҳамчунин роҳу воситаи ташаккулу таҳаввули лексикаи ирфонии асар ва нақши онро дар инкишофи забони адабӣ нишон медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






