АЗ ҶАЛАСАИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Ноябрь 25, 2009 15:33

                  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм баргузор гардид.                   Дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ — техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», Дар хусуси Шартнома дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                    Аз рӯи масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки лоиҳаҳои Қонунҳои мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани номи мақомоти алоҳидаи давлатӣ бо мақсади ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намудани қонуни амалкунанда таҳия шудааст. Вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Орифшоев зимни шарҳу эзоҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ — техникӣ» таъкид кард, ки дар давраи кунунии тараққиёти илму техника бе ворид намудани дастовардҳои муосири илму техника ва бе арзёбии натиҷаҳои илмӣ соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишварро пеш бурдан имконнопазир аст.                   Зикр шуд, ки ташкил намудани экспертизаи илмӣ ва илмӣ – техникии нақшаҳои барномаҳо, лоиҳаҳо, асосномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои объектҳои муҳими давлатӣ яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии онҳо, вусъат ёфтани фаъолияти илмии асоснок ва тақвияти дастовардҳои илму техникаи муосир дар ҷомеа мебошад. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм воридгардида вакилон Сайвалӣ Нуров, Нодирҷон Солиҷонов, Усмонҷон Ғаффоров, Мирзобек Ҳоҷиев, Тоҷиддин Тураев ва Амир Катаев суханронӣ намуда, фикру мулоҳизоти худро ҷиҳати такмил ва пурра шудани лоиҳаҳои қонунҳои мазкур пешниҳод намуданд.                     Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур воридгардида аз ҷониби вакилон қабул ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд. 

Ноябрь 25, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Як қадам пештар
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Ёвон шинос гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Синои шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Силсилаи HUAWEI Pura 80: Имконоти нав дар аксбардории мобилӣ
Сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Бунёди шоҳии гуманитарии Баҳрайн мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон барои беҳтар гардидани сифати алоқа ва интернет 811 истгоҳи базавӣ насб карда шуд
24 июл дар мақомоти иҷроияи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Синои шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад