АЗ ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Ноябрь 16, 2009 14:51

                 Душанбе, 16 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар хусуси Шартнома дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия баррасӣ шуданд.                  Гуфтанист, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои паррандапарварӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ба роҳ мондани назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.                   Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз пешниҳоди масъалаҳо дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия — бартараф намудани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба шумор меравад.  

Ноябрь 16, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд