АЗ ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Душанбе, 16 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар хусуси Шартнома дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия баррасӣ шуданд. Гуфтанист, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои паррандапарварӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ба роҳ мондани назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз пешниҳоди масъалаҳо дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия — бартараф намудани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба шумор меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






