БАРНОМАИ НАВИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реженси Душанбе» ба муносибати оғози иҷрои барномаи беҳтар сохтани фаъолияти соҳаҳои ёриррасони молиявӣ барои беҳтар сохтани вазъияти хариду фурӯши мол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Нишасти матбуотиро Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ баргузор месозад. Дар ҷараёни ҷамъомад фаъолияти корпоратсия ва мақсади барномаи нави он дар бобати дастгирии соҳаҳои ёриррасони хариду фурӯши мол дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Нотиқон ба аҳамияти мусоидат ба ҷараёни беҳтар сохтани фаъолияти сохторҳои молиявии ҷумҳурӣ, рушди фаъолияти муассисаҳои қарздиҳӣ ҳамчун ҷузъи муҳимтарини соҳаи ёрирасони маблағгузорӣ ба соҳаи тиҷорат, нақши Ҳукумати Швейтсария дар ҳалли ин масъала ҳамчун яке аз сарпарастон ва ҳамкорони фаъоли Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ сухан хоҳанд ронд. Дар нишасти матбуотӣ вакилони палатаи поёнии парлумон, намояндагони Бонки миллӣ, директори Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария дар Тоҷикистон Рудолф Шоҳ, корманди Корпоратсияи Байналхалқии молиявӣ Венди Ҷо Вернер, роҳбарони анҷумани бонкҳои Тоҷикистон ва дигарон ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи барнома такмили фаъолияти соҳаҳои ёриррасони хариду фурӯши мол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон бо роҳи бунёди низоми самарабахши мубодилаи маълумот ва гузаронидани семинарҳо дар масъалаҳои додани сертификатҳо барои кормандони ташкилотҳои молиявӣ мебошад. Барномаи мазкур, тибқи нақша бояд дар давоми се сол иҷро карда шавад. Барои амалӣ сохтани он 2,4 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






