БАРРАСИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАНУ МАРД ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 26, 2009 11:36

                   Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Иҷрои Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010: мақсадҳои гузошташуда ва натиҷаҳои бадастомада» мизи мудаввар баргузор гардид.                     Ҳадафи асосии ин мизи мудаввар — муҳокимаи натиҷаҳои монитиринги ҷамъиятӣ ва арзёбии иҷрои Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010» ва муайян намудани чораю тадбирҳои минбаъда оид ба таъмини баробарҳуқуқии ҳақиқии занҳо ва мардҳо дар Тоҷикистон буда, он бо ташаббуси Иттифоқи ташкилотҳои ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИФЕМ ва ДФИД гузаронида шуд.                      Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки ба туфайли қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» фаъолияти пешбарӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои занон ҷоннок гардид.                      Натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятӣ нишон доданд, ки як қатор чорабиниҳои Барномаи давлатй, мутаассифона, ҳанӯз ҳам иҷро карда нашудаанд. Дар роҳи пешрафти занон ва ба даст овардани баробарҳуқуқии ҳaқиқии онҳо бо мардҳо монеаҳо бисёранд. Тоҷикистон аз марҳалаи якуми ташаккули сиёсати гендерӣ гузашта, барои пешбурди баробарии гендерӣ асосҳои қонунгузорӣ ба вуҷуд оварда шуд. Аммо ҳоло марҳалаи басо масъулиятнок дар пеш истодааст — марҳалаи иҷрои нақшаҳои стратегии қабулшуда, қонуну барномаҳо, ки ин интихоби усулҳои самараноки татбиқи онҳо ва муносибати мушаххасро бо назардошти хусусиятҳои мушкилоти гендерӣ дар соҳаҳои гуногун талаб мекунад.                     Иштирокчиёни мизи мудаввар ба мубрамии проблемаҳои идоракунии кадрҳои идоракунанда, аз ҷумла баланд бардоштани нерӯи кадрӣ дар таҳияи стратегияҳои гендерӣ ва иҷрои сиёсати гендерӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, зарурати таҳияи Барномаи нави Президентии «Тайёр кардани кадрҳои идоракунӣ»-ро пешниҳод карданд. 

Ноябрь 26, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст