БАРРАСИИ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 18, 2009 11:42

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки 24-25 ноябри соли равон дувумин Конфренсияи ҳамасолаи байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон; таҳдидҳо, имконот ва дурнамо»,- ро баргузор намоянд.                  Дар назар аст, ки дар кофренсияи мазкур сардори Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Сафир Ивар Вики, сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, директори Инистути таҳлилҳои стратегӣ ва арзёбии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Масаулов С.И., сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва сарпарасти бахши тадқиқоти сиёсати хориҷии Институти қазоқистонии тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Булат Ауелбаев иштирок ва суханронӣ кунанд.                   Мавзӯи асосие, ки дар конфренсияи мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ин ҳамкориҳои эҳтимолии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти Афғонистон ва муасиртарин равиши мубориза ба ҷолишҳои мавҷуд дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин имконоти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар рафъи таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои аъзо ва масъалаҳои муҳими рӯз ҳоҳанд буд.  

Ноябрь 18, 2009 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд