БОРИШҲОИ ШАДИД ДАР МАККА

Ноябрь 27, 2009 17:02

                Қоҳира, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР – ТАСС). — Тибҳои хабарҳои расида, шабонарӯзи гузашта дар Арабистони Саудӣ борони шадид борид, Дар натиҷаи он сел ва обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷаи боришҳо, омадани сел ва обхезӣ 48 нафар, аз ҷумла, зоирин ҳалок шуданд. Ширкати телевизионии «Алҷазира» хабар дод, ки дар шаҳри Макка ва музофотҳои он бориши борон давом дорад.                 Бояд гуфт, ки дар маросими ҳаҷи имсола 2,5 миллион нафар иштирок менамояд. Зоирон дирӯз, 26 ноябр дар доманаи кӯҳи Арафот маросими «вуқуф» — ро иҷро намуданд.                  Мақомоти дахлдори Арабистони Саудӣ барои таъмини бехатарии зоирон аз фалокатҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла, сӯхтор, фишори анбӯҳи одамон ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Вале онҳо барои пешгирии оқибати бориши тӯлонии борон тайёр набуданд. Ин сабаби ҳалокати одамон гардид.

Ноябрь 27, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд