БОЗ ЯК СОМОНАИ РАСМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 3, 2009 16:28

                  Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 4 ноябри соли ҷорӣ муаррифии сомонаи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки таҳияи он дар доираи лоиҳаи муштараки «Такмили адолати суди конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Суди конститутсионии ҶТ муяссар гардид.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин такшилоти байналмиллалӣ хабар доданд, мақсади асосии таҳияи сомона – мусоидат дар амалигардии Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши такмили фаъолияти Суди конститутсионии кишвар тавассути таъмини дастрасии ҳар як шаҳрванд ба иттилоот ва ҳамин тариқ дастрасӣ ба адолати суди конститутсионӣ дар кишвар мебошад.                   « Иттилоот дар сомона ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст. Дар он ҳамаи иттилооти зарурӣ аз қабили: таърихи рушди назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва ҳайати Суди конститутсионӣ, иттилоот дар бораи судяҳои амалкунанда ва дар истеъфобудаи он, қонунгузории истеҳсолоти суди конститутсионӣ дар ҶТ, қарору таъинотҳои Суди конститутсионӣ, нашрияҳои вобаста ба ҳуқуқи конститутсионӣ, ахбор ва ғайра ҷой дода шудаанд», гуфт манбаъ.                   Сомонаи мазкур нахустин сомонаи расмии низоми судии кишвар буда, ифтитоҳи он ба ҷашни 15 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад ва дар назар аст, ки он фаъолияти комилан шаффофи Суди конститутсионии Тоҷикистонро таъмин менамояд. 

Ноябрь 3, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд