БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОН АЗ КОРХОНАИ БЕЛАЗ

Ноябрь 27, 2009 17:42

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Жодина аз корхонаи азими мошинсозии БелАЗ дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон бо корхонаи БелАЗ, ки мошинҳои пуриқтидори боркашаш дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва дигар иншооти стратегии кишвари мо саҳми намоён доранд, изҳори қаноатмандӣ карда, масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориро бо роҳбарияти он баррасӣ намуд.                    Бо қаноатмандӣ ҳамчунин аз кори марказҳои тармим ва хизматрасонии мошинҳои БелАЗ, МАЗ ва дигар техникаи истеҳсоли Беларус дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, мусоҳибон ҳамзамон кушодани як корхонаи муштаракро оид ба тармиму навсозӣ ва истеҳсоли чархҳои мошин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ зарур шумурданд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз Ҷумҳурии Беларус иттилоъ дод.

Ноябрь 27, 2009 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд