БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АССОТСИАТСИЯИ ҶАҲОНИИ ОЛИМПӢ АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 ноябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпӣ Ричард Дуглас, ки дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот кард. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид доштанд, ки тайи солҳои охир дар вилоят баҳри рушди соҳаи варзиш бисёр корҳо ба анҷом расонида шуда, имрӯз варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ноил мегарданд. Ҳамзамон, масъалаи рушди соҳаи варзиш, дар оянда иштироки шумораи зиёди варзишгарони вилоят дар бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои бонуфузи саросари олам аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ричард Дуглас буд. Зимни боздид аз вилояти Суғд Президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпӣ Ричард Дуглас аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, маҷмааи масҷиди Шайх Маслиҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоятро дидан карда, бо таъриху маданияти халқи куҳанбунёди тоҷик аз наздик ошно гашт. Инчунин, Ричард Дуглас аз варзишгоҳи тозабунёди «Ваҳдат» — и маркази вилоят дидан карда, дар он ҷо бо варзишгарони вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






