БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АССОТСИАТСИЯИ ҶАҲОНИИ ОЛИМПӢ АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД

Ноябрь 11, 2009 10:28

                 Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 ноябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпӣ Ричард Дуглас, ки дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот кард.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид доштанд, ки тайи солҳои охир дар вилоят баҳри рушди соҳаи варзиш бисёр корҳо ба анҷом расонида шуда, имрӯз варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ноил мегарданд.                Ҳамзамон, масъалаи рушди соҳаи варзиш, дар оянда иштироки шумораи зиёди варзишгарони вилоят дар бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои бонуфузи саросари олам аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ричард Дуглас буд.                Зимни боздид аз вилояти Суғд Президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпӣ Ричард Дуглас аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, маҷмааи масҷиди Шайх Маслиҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоятро дидан карда, бо таъриху маданияти халқи куҳанбунёди тоҷик аз наздик ошно гашт.                  Инчунин, Ричард Дуглас аз варзишгоҳи тозабунёди «Ваҳдат» — и маркази вилоят дидан карда, дар он ҷо бо варзишгарони вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом дод.

Ноябрь 11, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид