БУНЁДИ КОРХОНАИ НАВ

Ноябрь 19, 2009 14:38

                  19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, бинои нави Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ ифтитоҳ гардид.                  Дар маросими ифтитоҳи ин бинои хуштарҳу замонавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ширкат варзиданд.                  Ин бино, асосан аз фонди захиравии худи коргоҳ, бо дастгирии корхонаи воҳиди давлатии «хоҷагию манзилии коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.                   Тавре, ки сардори идораи фаръии бақайдгирии техникӣ Олимҷон Қобилов ба хабарнигорони «Ховар» иттилоъ дод, коргоҳ дорои таҷҳизоти замонавӣ буда, барои аҳли корхона шароити мусоиди корӣ фароҳам овардааст.                   Ин бино, ки дар муддати 7 моҳ бунёд ёфтааст, барои боз ҳам дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба аҳолии ноҳия мусоидат мекунад.

Ноябрь 19, 2009 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд