БУНЁДИ КОРХОНАИ НАВ
19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, бинои нави Корхонаи фаръии бақайдгирии техникӣ ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин бинои хуштарҳу замонавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ширкат варзиданд. Ин бино, асосан аз фонди захиравии худи коргоҳ, бо дастгирии корхонаи воҳиди давлатии «хоҷагию манзилии коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Тавре, ки сардори идораи фаръии бақайдгирии техникӣ Олимҷон Қобилов ба хабарнигорони «Ховар» иттилоъ дод, коргоҳ дорои таҷҳизоти замонавӣ буда, барои аҳли корхона шароити мусоиди корӣ фароҳам овардааст. Ин бино, ки дар муддати 7 моҳ бунёд ёфтааст, барои боз ҳам дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба аҳолии ноҳия мусоидат мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






