ЧАРО БАРҚ МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИД?

Ноябрь 9, 2009 11:33

                  Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Субҳи имрӯз соати 6 – 35 дақиқа дар хати барқи баландшиддати 500 киловолтаи «Норак — Регар» садамаи техникӣ руй дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ширкати холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, бо сабаби ба таври мухтор кор кардани шабакаҳои барқӣ ҳангоми руй додани садамаи техникии мазкур дар хати баландшиддати «Норак — Регар» дигар истгоҳҳои барқӣ ба таври автоматӣ аз кор монданд. Ба таври мухтор кор кардани шабакаҳои барқӣ барои рӯй надодани садамаҳои бузург дар истгохҳои барқӣ пешбинӣ карда шудааст.                   Роҳбарият ва мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» барои бартараф кардани садамаи техникӣ сафарбар гардиданд.                    «Айни ҳол аксари иншооти ҷумҳурӣ бо қувваи барқ таъмин карда шуданд. Дар соатҳои наздиктарин кори шабакаҳои барқи пурра барқарор карда мешаванд», — иттилоъ дод роҳбари хадамоти матбуотии ширкати холдинги «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ.

Ноябрь 9, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд