ЧАРО БАРҚ МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИД?
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Субҳи имрӯз соати 6 – 35 дақиқа дар хати барқи баландшиддати 500 киловолтаи «Норак — Регар» садамаи техникӣ руй дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ширкати холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, бо сабаби ба таври мухтор кор кардани шабакаҳои барқӣ ҳангоми руй додани садамаи техникии мазкур дар хати баландшиддати «Норак — Регар» дигар истгоҳҳои барқӣ ба таври автоматӣ аз кор монданд. Ба таври мухтор кор кардани шабакаҳои барқӣ барои рӯй надодани садамаҳои бузург дар истгохҳои барқӣ пешбинӣ карда шудааст. Роҳбарият ва мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» барои бартараф кардани садамаи техникӣ сафарбар гардиданд. «Айни ҳол аксари иншооти ҷумҳурӣ бо қувваи барқ таъмин карда шуданд. Дар соатҳои наздиктарин кори шабакаҳои барқи пурра барқарор карда мешаванд», — иттилоъ дод роҳбари хадамоти матбуотии ширкати холдинги «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






