ЧАРО ШАХСОНИ БОНУФУЗИ ҶОМЕА ТАҲАММУЛПАЗИР НЕСТАНД?
Таи ҳафтаи сипаришуда яке аз воқеаҳои хотирмон ин қабул ва аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба шумор мерафт. Ин авф, ки ба муносибати 15-умин солгарди Конститутсия ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам қабул гардид, бузургтарин авф дар таърихи Тоҷикистон ба шумор меравад. Агар ба умқи ин масъала басо ҳассос дида дӯзем, ба хубӣ дармеёбем, ки зимни ин авф қариб 10 000 нафар (аз рӯи навиштаи расонаҳо) маҳбусон ба озодӣ мебароянд. Худ аз худ мусаллам аст, ки ин теъдоди азимро шод намудан ва ба хонаҳояшон хурсандӣ овардан, яке аз фазилатҳои волои инсонӣ ва аз принсипҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Марбут ба ин қазия дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» андешаҳои чанд танро зери сарлавҳаи «Маҳбусони сиёсӣ: хоҳиш ва ё воқеият?» (№33, 05.10.2009) хонда ба фикр фурӯ рафтам, ки чаро то ҳол иддае аз шаҳрвандони кишвар, ба хусус «шахсони бонуфузи ҷомеа», таҳаммулпазир нестанд. Байни нафарони ибрози ақида намуда, андешаҳои рӯҳонии эътирофшуда Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки ба нашрияи «Миллат» гуфтааст ва иқтибосан дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» оварда шудааст, маро бетараф гузошта натавонист. Эшон аз он маҳбусоне, пуштибонӣ намуда озодияшонро мехоҳанд, ки онҳо бо ҷурми даст доштан ба ҷиноятҳои басо вазнин, табаддулоти давлатӣ, одамкушӣ, хиёнат ба Ватан ва дуздии молу амволи ҷамъиятию давлатӣ маҳкум шудаанд. Қариб тамоми мардуми кишвар хуб медонанд, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар рӯзҳои воқеаҳои хунини феврали соли 1990 дар он ғоратгариҳо, оташзаниҳо ва бетартибиҳои оммавӣ низ аз саркардаҳои он пуштибонӣ карда буд. Хуб дар ёд дорам, ки рӯзи 13 феврали соли 1990 Эшони Тураҷонзода ба мардум муроҷиат намуда, аз авбошону ғоратгарон ва гурӯҳи ҷиноятпеша пуштибонӣ мекард, рафтор ва фикру ақидаи сохторҳои ҷиноятиро бо суханони ҳамчун «дастаи гул» ва бо маҳорати баланди воизӣ ба гирдиҳамомадагони гумроҳшуда талқин мекард. Аз ҷумла, рафтор ва кирдори гурӯҳҳои ҷиноятие, ки аввали солҳои 90-ум худро ҳомии халқу миллат нишон дода, «чун ба хилват мерафтанд в- он кори дигар мекарданд»,- Ёқуб Салимов, Исмати Авулӣ, Рауф, Ғаффор Мирзоев, Холиқ Авезов, Қобил (бо лақаби «Ӯзбек»)-ро дастгирӣ намуда, аз «қаҳрамониҳо»-и онҳо ёдовар мешуд. Домулло магар намедонанд, ки «халқ муйро аз хамир ба зудӣ ҷудо мекунад». Мардум ҳанӯз бетартибиҳои соли 1990 — ро, ки аз он истифода намуда, гурӯҳи ҷиноятпешаи Ёқуб Салимов ба дуздиву ғоратгарӣ, авбошӣ, тороҷ намудани амволи мардум машғул шуда буд, фаромӯш накардааст. Бинобар аз Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, ки ҳар кадом бо моддаҳои басо вазнин маҳкум гардидаанд, хостгори озодии эшон шудаанд. Мардум хуб медонад, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев барои ҷиноятҳои вазнини содирнамудаи худ маҳкум шудаанд, зеро хиёнат ба Ватан, миллат, халқ ва ҷомеа гуноҳест нобахшиданӣ ва кабира, ки инро шахсан ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар аз ҳама хубтару беҳтар медонанд. Домуллои мӯҳтарам бо ин афкору андешаҳо бори дигар кӣ будани худашонро ба мардум ошкор карданд. Баръало ҳамчун чароғ ботини худро рӯшан карданд, ки аз ибтидо бо ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ, ҳамақида ва ҳампеша буданд ва имрӯз, ки ин ҳаммаслаконашон зиндонианд, барои наҷоти онҳо ҷонбозӣ менамоянд. Нисбати ин масъала ибрози ақида намудани Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки эшон гарчанде маърифати баландро доро бошанд ва дар курсиҳои баланди давлатӣ адои вазифа доштанд, вале ҳанӯз ҳам аз паҳлӯҳои хирад ва ҷабҳаҳои таъриху тамаддуни ҷомеаи мутамаддин бархӯрдор нестанд. Охир, шахсиятҳои маъруфе, ки барои Ватану миллат хиёнат намудаанд чӣ гуна метавонанд авф шаванд. Магар Ҳоҷӣ Акбар ин масъаларо дарк карда наметавонанд ва агар озод намудани шахсиятҳои «маъруф»-и номбурда ба талаботи Қонуни авф мувофиқат намояд, пас ба мухлисию дилсӯзиҳои домулло ҳоҷате нест. Магар ҷаноби Тураҷонзода он ҳодисаҳои нангинеро, ки боиси хисороту костагии обрӯву ҳайсияти миллии мо гардиданд фаромӯш кардаанд? Шояд фаромӯш карда бошанд, ки ба он оташ кӣ равған мерехт?! Гуфтаҳои эшонро кас мутолиа намуда ба чунин хулоса меояд: чӣ қадаре, ки саркардагони амалҳои авбошию ғоратгарӣ, шахсиятҳое, ки молу мулки халқ ва ҷамъиятию давлатиро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд, агар дар озодӣ бошанд, ҳамон қадар таъби ҷаноби Тураҷонзода болида мегардидааст. Афкору андешаҳои домулло шахсият ва ботини эшонро ҳамчун офтоб тобон намудааст, эээ, мебахшед хонандагони гиромӣ, каме иштибоҳ намудам, ботини эшон аз солҳои навадум инҷониб рӯшан буд — ку…. Алимуҳаммади Равшан, сокини шаҳри Душанбе