ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ЭРОН КУШОДА ШУД

Ноябрь 23, 2009 16:43

                  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Кохи Борбад бо кӯмаки ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ва вазорати тиҷорати Эрон намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон кушода шуд. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии «Гроу интернейшнал» мебошанд.                    Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, намояндагони вазорату идораҳои ҳар ду мамлакат иштирок доштанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ қариб 60 корхонаю ширкати Эрон ва бештар аз 100 соҳибкори ин мамлакат иштирок менамоянд.                   Дар намоишгоҳ маснуоти зарурии рӯзгор, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаи ширӣ, сабзавот ва молҳои саноатӣ ва масолеҳи сохтмон намоиш дода мешаванд.                     Ҳадафи намоишгоҳ вусъат бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои нави муштарак мебошад. 

Ноябрь 23, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд