ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ЭРОН КУШОДА ШУД
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Кохи Борбад бо кӯмаки ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ва вазорати тиҷорати Эрон намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон кушода шуд. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии «Гроу интернейшнал» мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, намояндагони вазорату идораҳои ҳар ду мамлакат иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ қариб 60 корхонаю ширкати Эрон ва бештар аз 100 соҳибкори ин мамлакат иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ маснуоти зарурии рӯзгор, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаи ширӣ, сабзавот ва молҳои саноатӣ ва масолеҳи сохтмон намоиш дода мешаванд. Ҳадафи намоишгоҳ вусъат бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои нави муштарак мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






