ДАР МАВСИМИ НАВ БО «РУСТАМ ВА СӮҲРОБ» — И КӮҲАН
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз мавсими 39 –уми театрии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар таҳияи коргардон Султон Усмонов кушода мешавад. Намоишномаи мазкур ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар Фестивали театрии Теҳрон ба гирифтани шоҳҷоизаи ин Фестивали байналмилалӣ мушараф гашта буд. Тавре директори театр Саид Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ҳайати эҷодии театр аз 24 октябр бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. «Ҳангоми сафари эҷодӣ ба ҳайати театр аз дигар кишварҳои Шарқ даъватнома барои баргузории намоишнома пешниҳод гардид. Бинобар ҳамин мо қарор додем мавсими навро бо ин намоишномаи дӯстдоштаи тамошобинон оғоз намоем», — гуфт С.Абдуллоев.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






