ДАР НБО НОРАК САДАМА РӮЙ НАДОДААСТ!

Ноябрь 9, 2009 16:37

                  Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Роҳбари хадамоти матбуотии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ изҳор кард, ки «Дар нерӯгоҳи барқи обии Норак ягон садама рӯй надодааст, шабакаҳои барқи Тоҷикистон пурра барқарор ва кор мекунанд».                  «Баъзе сайтҳои интернетӣ, аз ҷумла сайтҳои «Сентр-Азия», «CA-NEWS», инчунин дигар васоити ахбори омма хабар паҳн карданд, ки гӯё бо сабаби рӯй додани садама дар НБО Норак интиқоли барқ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қатъ гардида бошад. Хадамоти матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» ин маълумотро қатъиян рад мекунад!», — изҳор кард Н.Ёдгорӣ.                   Ба қавли Н.Ёдгорӣ бинобар фаро расидани хунукӣ дар ҷумҳурӣ, истифодаи қувваи барқ афзуд, ки ин дар навбати худ барои аз меъёр зиёд кор кардани шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла хатти баландшиддати «Норак – Регар» оварда расонид. Дар натиҷа, сохтори дохилии шабакаҳои барқӣ ба таври автоматӣ аз кор монданд. Бояд гуфт, ки ин ҳолат барои роҳ надодан ба садамаҳои бузург дар истгоҳҳои барқӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳоло ҷумҳурӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин аст, аммо интиқоли он мувофиқи реҷа ба роҳ монда шудааст.                  Ёдовар мешавем, ки айни ҳол шабакаҳои барқи Тоҷикистон дар бунбасти энергетикӣ , яъне берун аз Шабакаҳои барқи Осиёи Марказӣ фаъолият дорад.Бинобар ҳамин бо мақсади таъмини мӯтаъдили нерӯи барқ дар фасли зимистон, ба мавзеъҳои деҳот дар ҷойҳое, ки иншооти муҳиму ҳаётӣ воқеъ нест, барқ ба таври реҷавӣ дода хоҳад шуд.                   «Барқчиёни тоҷик ният ва имкон доранд, ки бо истифода аз захира ва қувваи дохилӣ ҷумҳуриро аз ин ҳолат берун кунанд», — қайд кард Н.Ёдгорӣ.                    Камбуди барқ бо ба истифода додани НБО Сангтӯда-1 ва 38 нерӯгоҳи барқи обии хурд, инчунин саривақт захира кардани об дар обанборҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1,8 – 2 милр.д киловатт соатро ташкил мекунад, ҳол он ки ин рақам соли гузашта ба 4-6 милр.д киловатт соат мерасид.                   Соли ҷорӣ ба пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ нерӯи барқ бе маҳдудият интиқол дода мешавад, — гуфт дар охир сарчашма.

Ноябрь 9, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст