ДАР ПАНҶ СОЛ БУҶЕТИ ҶУМҲУРӢ ЧАҲОР МАРОТИБА АФЗОИШ ЁФТААСТ

Ноябрь 3, 2009 16:52

                Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи гурӯҳи кори оид ба баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» баргузор гардид.  Сафар Сафаров Лоиҳаи қонуни мазкурро идомаи мантиқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» унвон карда, аз тамоми ширкаткунандагон даъват кард, то дар баррасии бандҳои алоҳидаи он ба таври ҷидди муносибат намуда, дар такмилу пурра сохтани он саҳми назаррас гузоранд.                Муайян кардани сабабҳои асосии кам гардидани андози аксизӣ аз маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшавана, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, ки дар Лоиҳаи буҷети соли 2010 пешниҳод шудаанд, яке аз эродҳои вакилони Маҷлиси Намояндагон мебошад.                  Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ сарчашмаҳои даромади буҷет бояд мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, даромади умумӣ ба буҷет зиёд гардад. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки андози аксизӣ нисбат ба спирти этилӣ, машрубот ва тамоку дубора баррасӣ шавад.                 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов вобаста ба пешниҳоду эродҳои вакилони Маҷлиси Намояндагон ва гурӯҳи корӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳияи буҷети соли 2010 нисбат ба буҷети солҳои қаблӣ бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баланду паст гардидани нархи маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ каме мушкилтар ба даст омад.                 Мавсуф саҳми вакилони Маҷлиси Намояндагонро дар таҳия, баррасӣ ва такмили ҳамаҷонибаи Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» муҳим арзёбӣ кард.                   С. Наҷмуддинов афзуд, ки тайи панҷ соли охир буҷети ҷумҳурӣ чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст, ки ин дастоварди беназири кишвари мо ба шумор меравад.   

Ноябрь 3, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд