ДАР ТОҶИКИСТОН РОҲҲО ПУЛАКӢ МЕШАВАНД
Душанбе, 4 ноябр, (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова) – Имрӯз дар Душанбе семинар дар мавзӯи «Сиёсати давлат ва дурнамои рушди роҳҳо дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар семинар ҳамчунин масъалаҳои савдо ва роҳҳои нақлиётӣ, рушди сохтори роҳҳои пулакӣ дар Ҷопон ва дигар давлатҳо, таҷрибаи Чин дар соҳаи роҳҳои пулакӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бо ташаббуси вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Рушди Осиё ва агентии Ҷопон оид ба рушди байналмиллалӣ — (JICA), баргузор карда мешавад. Дар конфронс вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев, намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро, ваколатдори муваққатии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма ва дигар мутахассисон иштирок мекунанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






