ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФУТБОЛ

Ноябрь 23, 2009 12:01

                  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Федератсияи байналхалқии футбол 20 ноябр рӯйхати навро дар бораи мавқеъ ва мақоми дастаҳои мунтахаби футболи мамлакатҳои ҷаҳон нашр намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур 6 зина боло баромада, дар байни 201 мамлакати ҷаҳон ҷои 162 – юмро ишғол менамояд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз ин дар ҷои 168 – ум қарор дошт.                    Футболбозони тоҷик инчунин дар байни дастаҳои футболи қитъаи Осиё мавқеи худро беҳтар намуда, айни ҳол ҷои 33 – юмро ишғол менамояд.                   Дар рӯйхати Федератсияи байналхалқии футбол дастаи мунтахаби Испания ҷои аввалро ишғол мекунад. Қабл аз ин дастаи мунтахаби Бразилия дар ҷои аввал қарор дошт. Дар ҷои сеюми рӯйхати дастаи мунтахаби Голландия қарор дорад.                     Дастаи мунтахаби футболи Русия баъди бохтани бозӣ бо дастаи мунтахаби Словения аз ҷои 22 — юм ба ҷои 24 – ум фуромад. Дастаи мунтахаби Словения дар рӯйхати мазкур 16 зина боло баромада, айни ҳол ҷои 33 – юмро ишғол мекунад. 

Ноябрь 23, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ