ДДЗ БА НБО РОҒУН САҲМИ ХУДРО ГУЗОШТ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С Улуғзода маоши якрӯзаи устодонро барои сохтмони НБО Роғун гузаронд. Ёдовар мешавем, ки Нерӯгоҳи обии барқии Роғун ҷабҳаи бунёдкорӣ эълон карда шудааст. Бунёди Нерӯгоҳи обии барқии Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиё Марказӣ манфиатдор аст. «Мо пурра бо суханҳои Президентамон розӣ ҳастем ва мехоҳем саҳми худро барои сохтмони ин нерӯгоҳ гузорем. Боварӣ дорем, ки ҳамаи сокинони мамлакат саҳми худро барои обод ва пешрафту рушди иқтисодии Ватанамон мегузоранд. Соли гузашта устодони донишкадаи мо аввалин шуда, барои сохтмони мазкур 3 ҳазор сомонӣ гузаронданд, ки нисбати имсола 2 баробар камтар буд»,- зикр кард проректор оид ба илми ДДЗ Идигул Қосимова.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






