ДИПЛОМҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ДИГАР КИШВАРҲО ЭЪТИРОФ МЕКУНАНД?
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои 11 ва 12 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 17 – уми Шӯро оид ба маориф дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё баргузор мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони ҷаласа Раиси нави Шӯро ва муовинони ӯро интихоб карда, масоили созмон додани фазои ягонаи маориф дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро муҳокима мекунанд. Дар ҷаласаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов ва котиби илмии Академияи улуми Тоҷикистон Мунаввар Аҳмадов иштирок доранд. Ёдрас мешавем, ки Шӯро оид ба эътироф ва ҳамарзиш донистани дипломҳо, унвонҳо ва дараҷаҳои илмии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар ҷаласаи қаблӣ табдили ном кард ва акнун он Шӯро оид ба маориф дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё номида мешавад. Шӯрои мазкур нисбат ба Шӯрои пешина ваколатҳои зиёд дошта масъалаҳои муҳим ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи маорифро баррасӣ хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






