ДОНИШҶӮЁН БА ДУЗДӢ МАШҒУЛАНД?

Ноябрь 12, 2009 12:20

                 Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир карданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Далер Назаров дар бораи ғорат шудани Маркази бозиҳои компютерии ба ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи гурӯҳи номаълум муроҷиат кард.                  Мувофиқи аризаи шаҳрванд шахсони номаълум ба таври зӯрӣ ба Маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Аэропорт 15 ворид шуда, масъули Марказ Фирдавс Назарови 17 соларо мавриди лату кӯб қарор дода, сипас 10 адад компютерро ба маблағи 5 ҳазору 800 доллари ИМА ба яғмо бурданд.                  Бо вуҷуди нокифоя будани маълумоти ибтидоӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ШКД – и ноҳияи Шоҳмансур дар муддати кӯтоҳ шахсони ба ин ҷиноят даст доштаро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо Муҳаммадзоир Мӯминови 21 сола ва се донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Темур Асадуллоев, Далер Собиров, Беҳрӯз Сафаров мебошанд. Ҳангоми дастгир шудан аз ҷинояткорон амволи дуздидашуда дарёфт карда шуд.                 «Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтишот оғоз гардид», — гуфт сарчашма.

Ноябрь 12, 2009 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд