ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ИМА ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Пажӯҳишгоҳи маорифи байналхалқӣ бо кӯмаки Дафтари маориф ва равобити фарҳангии Департаменти давлатии ИМА дар бораи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар мактабҳои олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маърӯза чоп кард. Дар он гуфта мешавад, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ИМА соли 2008 нисбат ба соли 2007 – ум 6 фоиз кам шуд. Соли 2007 дар мактабҳои олии ИМА 364 донишҷӯӣ тоҷик таҳсил мекард, соли 2008 ба мактабҳои олии ИМА 342 донишҷӯи тоҷик қабул карда шуд. Аз дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабаби асосии кам шудани теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ИМА ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ вобаста мебошад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз 16 то 20 ноябр дар доираи Ҳафтаи байналмилалии маърифатӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ бо мақсади афзун гардондани мароқи донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида ва ташвиқу тарғиби мактабҳои олии ИМА ҷамъомадҳои иттилоотӣ гузаронд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






