ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ИМА ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Ноябрь 19, 2009 16:12

                 Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Пажӯҳишгоҳи маорифи байналхалқӣ бо кӯмаки Дафтари маориф ва равобити фарҳангии Департаменти давлатии ИМА дар бораи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар мактабҳои олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маърӯза чоп кард. Дар он гуфта мешавад, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ИМА соли 2008 нисбат ба соли 2007 – ум 6 фоиз кам шуд. Соли 2007 дар мактабҳои олии ИМА 364 донишҷӯӣ тоҷик таҳсил мекард, соли 2008 ба мактабҳои олии ИМА 342 донишҷӯи тоҷик қабул карда шуд.                   Аз дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабаби асосии кам шудани теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ИМА ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ вобаста мебошад.                   Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз 16 то 20 ноябр дар доираи Ҳафтаи байналмилалии маърифатӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ бо мақсади афзун гардондани мароқи донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида ва ташвиқу тарғиби мактабҳои олии ИМА ҷамъомадҳои иттилоотӣ гузаронд.  

Ноябрь 19, 2009 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд