ДОНИШКАДАҲОИ НАВИ ТЕХНИКӢ КУШОДА МЕШАВАНД

Ноябрь 10, 2009 14:56

                 Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Люмила Дубинина). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари раёсати муносибатҳои байналхалқии вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Насимова иттилоъ дод, дар ҷумҳурӣ ифтитоҳи филиали ду Донишкадаи Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст. Чунончӣ, дар заминаи яке аз факултаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, филиали Донишкадаи пӯлод ва хулагии шаҳри Маскав кушода мешавад. Ҳамчунин дар ояндаи наздик дар шаҳри Турсунзода филиали Донишкадаи энергетикии Маскав фаъолият хоҳад кард.                  Мувофиқи маълумоти сарчашма, лоиҳаи Созишнома оид ба фаъолияти филиалҳои Донишкадаҳои техникии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҷониби вазорат ва идораҳои дахлдори мамлакат мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳоло, масъалаҳои таъсис ва муайян кардани дастгоҳи маъмурӣ — хоҷагӣ, инчунин тартиби сармоягузории донишкадаҳо аз ҷониби тарафҳо баррасӣ мешаванд.                    Қобили зикр аст, ки мувофиқи Созишномаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ба наздикӣ ифтитоҳи филиалҳои ин Донишгоҳҳо дар ҳудуди Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.                    «Бояд гуфт, ки имконияти кушодани филиали Донишкадаҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат низ мавҷуд буда аз ҷониби мутахассисон ин ҳолат омӯхта мешавад» , — гуфт Тамара Насимова.  

Ноябрь 10, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид