ДУ ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИКРО РОНДАНД
Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) — Дастаи яккачини футболбозони то 19 солаи тоҷик дар бозиҳои интихобӣ барои гирифтани роҳхат ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё, баъди се бурд бозии навбатиро бо ҳисоби калони 3 : 0 бо футболбозони дастаи яккачини Яман бохтанд. Дар поёни қисми аввал як футболбози тоҷик аз майдон ронда шуд, дар дақиқаи 74 футболбози дигар Ф.Аскаров низ аз майдон бароварда шуд, дар натиҷа футболбозони тоҷик дар шароити душвор монда аз дарвозаи худ се тӯб сар доданд. Айни ҳол дар гурӯҳи «А» дастаи Иордания бо 10 хол, Тоҷикистон 9 хол, Яман 8 хол, Непал 3 хол, Қирғизистон 3 хол, Фаластин 1 хол мутаносибан қарор доранд. Ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё фақат ду дастаи ҷои аввалро ишғол карда роҳхат мегиранд. Бозии навбатиро дастаи якачини футболбозони тоҷик бо дастаи Иордания баргузор мекунад. Барои соҳиб шудан ба роҳхат ба футболбозони тоҷик танҳо ғалаба даркор аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






