ДУРНАМОИ ҲАМКОРИ ҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Ноябрь 3, 2009 14:45

                  Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 3 ноябр, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсутому Хираока мулоқот кард.Оқил Оқилов ба ҳукумати Ҷопон барои кўмакҳои бебозгашт барои пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ арзи сипосу миннатдорӣ карда изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостгори рушди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷопон мебошад.                  Дар мулоқот аз рафти татбиқи лоиҳаҳои Ҷопон дар бахши сохтмони роҳҳо, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон ва амалигардии барномаҳои омўзишию тарбиявии мутахассисон таввасути Агентии байналмиллалии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                    Пешниҳод карда шуд, ки дар оянда ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар бахшҳои энергетика, саноат, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ва рушди туризм васеътар гардонида шавад.Тсутому Хираока бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки барои амалишавии нақшаву ниятҳои пешниҳодшуда, ки мақсади асосии онҳо ба сатҳи зарурӣ расонидани муносибатҳои гуногунҷабаи Тоҷикистону Ҷопон мебошад тамоми қуввату ғайрати худро равона хоҳад кард.

Ноябрь 3, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд