Э. РАҲМОН АЗ АСАД АБДУЛ МУНИМ АЛӢ АСАД ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 24, 2009 10:50

                     23-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Асад Абдул Муним Алӣ Асад эътимоднома қабул намуд.Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуд.                   Асад Абдул Муним Алӣ Асад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонии доимӣ аз матлаби одилона ва ҳуқуқҳои эътирофшудаи мардуми Фаластин дар сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуд.                   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки «дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи ҷонибҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи музокирот роҳи мақбули ҳалли қазияи Фаластин дарёфт хоҳад шуд».                    Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Ноябрь 24, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд