Э. РАҲМОН АЗ ДАНИЕЛ БЕРТРАН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 24, 2009 13:03

                      24-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран эътимоднома қабул намуд.                    Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.                    Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи феврали соли равон ба имзо расида буданд ва мувофиқаҳои дигари сатҳу зинаҳои гуногун зоҳир карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз форуми якуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия, ки дар шаҳри Брюсел баргузор гашта буд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва расидан ба натиҷаҳои мушаххас форуми дуюми онҳо дар ояндаи наздик бояд дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад.                     Гуфтугӯйи судманд оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Ноябрь 24, 2009 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд