Э. РАҲМОН АЗ ДАНИЕЛ БЕРТРАН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
24-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи феврали соли равон ба имзо расида буданд ва мувофиқаҳои дигари сатҳу зинаҳои гуногун зоҳир карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз форуми якуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия, ки дар шаҳри Брюсел баргузор гашта буд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва расидан ба натиҷаҳои мушаххас форуми дуюми онҳо дар ояндаи наздик бояд дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад. Гуфтугӯйи судманд оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






