Э. РАҲМОН АЗ СИРОҶИДДИН ҲОМИД ЮСУФ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 25, 2009 10:59

                  25-уми ноябри соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф эътимоднома қабул намуд.                    Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо Сироҷиддин Ҳомид Юсуф масоили ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Судон баррасӣ шуд.                   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозӣ ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Судон, ки калонтарин кишвари африқоӣ аст, изҳори ҳавасамндӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: — «кишвари бостонии мо бо кишварҳои арабии Африқо равобити дерини таърихӣ ва фарҳангӣ дошт ва мо ният дорем, ки онро дар шароити муосир дар сатҳу асоси ҷадид эҳё намоем».                     Бо ёдоварӣ аз муносиботи наздики Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ барпо намудани заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Судон низ зарур шумурда шуд.                    Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаи Дарфури Судон сурат гирифт.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Ноябрь 25, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд