Э. РАҲМОН ЁРМУҲАММЕТ ОРАЗГУЛИЕВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Ноябрь 13, 2009 13:31

                 13-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетика ва саноати Туркманистон Ёрмуҳаммет Оразгулиевро ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд.                  Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои Ҷаласаи 2 — юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ — ҳуқуқӣ ва мувофиқаҳои дар сатҳи сарони ду давлат ҳосилшуда зоҳир гардид.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин робита изҳор дошт: «дар марҳилаи кунунии муносибот бо Туркманистони бародар заминаи мусоиди сиёсӣ барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳои ба ҳарду кишвар судманд ба миён омадааст ва мо ин имконотро бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем».                   Ёрмуҳаммет Оразгулиев натиҷаҳои Ҷаласаи 2 — юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро мусбат арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои он протоколи нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.                  Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, истифодаи босамар аз захираҳои обии минтақа, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра таъкид намуданд.  

Ноябрь 13, 2009 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад