ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК А (Н1N1) ОМОДА АСТ

Ноябрь 4, 2009 16:08

                 Душанбе, 4 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Барои ворид ва паҳн нагардидани бемории А (Н1N1), ки бо номи зукоми хук маъмул аст, Корхонаи Воҳиди Давлатии "Фурӯдгоҳи байналмилали Душанбе" мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда амал менамояд. Имрӯзҳо, ки хуруҷи бемории А (Н1N1) дар миқёси кишварҳои начандон дур авҷ гирифтааст, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми чораҳои заруриро меандешанд.                   Барои пешгирии беморӣ ибтидо маводи огоҳкунандаи чопӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, кормандоне, ки бевосита бо мусофирон сару кор доранд бо даҳонбандҳои докагӣ , дорумонакҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонанда таъмин карда шуданд. Барои эҳтимолияти мусофири гирифтори беморӣ утоқи алоҳида ҷудо карда шуда, ҳароратсанҷҳои фосилави (дистанционные термометры) харидорӣ карда шуд.                   Тавре маълум аст, дар фурӯдгоҳ аз мақомотҳои гумрук, марзбонӣ милитсияи тартибот ва милитсияи бахши муҳоҷират фаъолият доранд.                      Мавриди гусел ва қабули ҳавопаймо кормандони мақомотҳои гуногун бо мусофирон сару кор мегиранд, ки эҳтимолияти сирояти мариз хело зиёд аст. Аз ин хотир роҳбарияти фурӯдгоҳ бобати пешгирии бемории А (Н1N1) кормандони ин мақомотҳоро низ бо лавозимоти зарурӣ таъмин намудааст.                    Хушбахтона то имрӯз ҳолатҳои ба беморӣ гирифтор шудани мусофирин ба назар нарасидааст. 

Ноябрь 4, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд